Дар Душанбе доир ба тағйирёбии иқлим ва пиряхҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад

Пагоҳ28 март дар Душанбе таҳти унвони  «Таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо ва аҳамияти қабули эълон намудани соли 2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» Конференсияи байналмилалии илмӣ – амалӣ доир мешавад. Конференсия тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ доир шуда, дар он мавзуъҳо, аз ҷумла баҳодиҳӣ ба раванди обшавии пиряхҳо дар шароити гармшавии глобалӣ, муайян намудани роҳҳои асосии ҳамкорӣ дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ ҷиҳати ноил шудан ба роҳҳои инноватсионии омӯзиши пиряхҳо дар асоси роҳандозӣ намудани эъломияи панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон, инкишофи баҳодиҳии ҳолати пиряхҳо бо усулҳои бунёдӣ ва роҳҳои коркарди ҳифзи пиряхҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, созмон додани платформа оид ба табодули ахбори илмӣ дар бораи вазъи пиряхҳо ва ҳамзамон кор карда баромадани тадбирҳо оид ба омӯзишу ҳифзи пиряхҳо ва ғайра муҳокима мегарданд.

Олимон усулҳои нав ва муосири омӯзиши криосфера, пиряхҳо ва қабати барфӣ, таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо ва қабатҳои барфӣ, офатҳои табиии марбут ба пиряхҳо, кӯлҳои пиряхӣ, қабати барф ва роҳҳои коҳиш додани хисороти бар асари онҳо расонидашавандаро баррасӣ мекунанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE