Конфронси навбатии СММ оид ба масъалаҳои об соли 2028 дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад гашт
Мо пешниҳод намудем, ки Конфронси навбатии Созмон оид ба масъалаҳои об соли 2028 дар шаҳри Душанбе дар фарҷоми Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» баргузор гардад. Чунин баён намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мусоҳиба бо хабарнигори телевизиони СММ Шакунтала Санзиран, ки дар доираи баргузории Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид-2023 (21-25 марти соли равон) дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир гардид.
Зимни мусоҳиба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба саволи хабарнигори телевизиони СММ дар бораи натиҷаи Конфронси мазкур посух дода, чунин изҳор доштанд: «Дарвоқеъ, муҳим натиҷа аст. Натиҷае, ки хусусан ба кишварҳои осебпазир дар ҳалли мушкилоти об мусоидат намояд. Боиси қаноатмандист, ки шумораи зиёди уҳдадориҳои ихтиёрӣ, аллакай, ба Рӯзномаи амал дар соҳаи об ворид гардидааст. Мо бояд механизми самараноки пайгирии татбиқи ин уҳдадориҳоро ба роҳ монем. Аз нигоҳи мо, дар ин раванд бояд аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда истифода шавад».
Президенти Тоҷикистон пешниҳод карданд, ки аввалан, натиҷаю паёмҳои Конфронс бояд ба дигар чорабиниҳои калидии вобаста ба об, тағйирёбии иқлим, пешгирии офатҳои табиӣ ва умуман ҳамаи масъалаҳои марбут ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор ҳамбастагӣ ва ҳамоҳангӣ дошта бошанд. Дуввум, мавқеи мавзӯи об дар рӯзномаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ бояд тақвият дода шавад».
Пешвои миллат таъкид намуданд, ки ҳамчунин ба мақсади назорати пайвастаи раванди татбиқи уҳдадориҳо, аз ҷумла Рӯзномаи амали об, зарур аст, ки конфронсҳо ва дигар ҳамоишҳои Созмони Милали Муттаҳид минбаъд мунтазам сурат гиранд.