Бориши шадид ва обхезӣ дар шимоли Афғонистон хонаҳо ва заминҳои киштро хароб кардааст
Бориши шадид ва обхезии ногаҳонӣ дар шимоли Афғонистон хонаҳо ва заминҳои киштро хароб кардааст. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус намояндаи полиси маҳаллӣ Муҳаммад Асиф Вазирӣ хабар додааст.
Борони шадид шоми панҷшанбе боиси обхезии харобиовар гардид. Муҳаммад Асиф Вазирӣ ба хабарнигорон изҳор дошт, ки дар ноҳияи Зарии шимоли Балх ва атрофи он беш аз 300 хона ва 3000 гектар замини кишоварзӣ қисман ё пурра хароб гардид.
Мувофиқи гуфтаи ӯ, сел теъдоди зиёди чорворо низ нобуд кардааст.
Дар бораи талафоти ҷонӣ гузориш дода нашудааст ва барои кумак ба хонаводаҳои осебдида гурӯҳҳои наҷот ба минтақаҳо фиристода шуд.