РОССИЯ БА СУРИЯ ПОЛИСИ НИЗОМӢ ФИРИСТОД
Новобаста аз саркубшудани гурухи терористии ДОИШ дар Сурия, то хануз хам як кисмати каламрави ин давлат зери назорати гурухои ифродгаро боки мемонад. Ходисахои охири боло рафтани хамлахои терористи постгохои низомиёни хукуматии Димишк боис бар он гардид, ки дар доираи як тавофуки Русия бо Туркия -Маскав ба Сурия нерухои иловаги фиристод.
Русия ба музофоти Ҳасакии Сурия вохиди иловагии полиси низомии худро фиристод, ки дар катори нерухои хукуматии Димишк дар постгохо назорат хохад кард. Дар ин бора рохбарии фармондехи калони Сирдарё майёор Дмитрий Сунсов иттилоъ додааст. Дар умум дар дидбогохои сархадии Сурия 300 низомии рус чойгир карда мешаванд. Ба гуфтаи Сунсов вазифати асосии ин низомиёни рус мусоидат ба пас кардани шиддати низоъ дар минтака мебошад. Хамзамон онхо риояи оташбасро назорат карда ба ахоли хама гуна кумакхо хоханд расонид. Дар асоси созиш миёни Маскав бо Анкара дар бораи тахкими субот дар минтака, кисмхои низомии полиси рус дар музофоти Хасакии шимолу шаркии Сурия вокеъ дар сархад бо Туркия ҷойгир хохад шуд. Хавопаймохои низомии Рус инчунин ба ин минтака силохи иловаги, тачхизоти алока ва дигар маводи заруриро интикол хоханд дод. Ёдрас мешавем, ки санаи 22 октябри соли 2019 , президентхои Русия ва Туркия Владмр Путин ва Рачап Тайип Эрдугон дар шахри Сочи зимни як мулокоте ёддошт дар мавриди амалхои муштарак дар минтакаи шимолу шаркии Сурияро кабул карданд. Дар асоси он Русия нерухои полиси низомии худро дар хамбастаги бо нерухои хукумати Сурия дар худудхои хаммарз бо минтакаи амниятии Анкара чойгир хохад кард. Шуруъ аз якуми ноябр нозомиёни турку рус дар дар кисмати шаркии руди Фурот нигахбонии муштаракро огоз кардаанд. Бино ба маълумоти маркази русии оид ба оштии тарафхои даргир дар давоми ду мохи охир дар музофоти Ракка беш аз ду хазор накзи холати оташбас сабт шудааст. Ёдрас мешавем, ки вактхои охир хамлахо болои низомиёни Сурия боло рафтаанд. Ахиран дар музофоти Ал_ Қунейтра вокеъ дар чануби Сурия дар пайи як хамлаи терористон ба постгохои артиши давлати ду сарбоз кушта ду тани дигар захм бардоштанд. Дар ин бора рузномаи « Ал-Ватан» дар такя ба сарчашмахои тибби, иттилоъ додааст. Ба маълумоти ВАО чанд руз кабл хамзамон як гурухи кудакон дар шахри Шайх-Мискин дар чануби ин давлат ба мина бархурдаанд, ки дар натича ду наврас чон бохта 10- нафари дигар чаррохат бардоштаанд. Дар ин бора хабаргузории САНО иттилоъ додааст. Маълумот дода мешавад, ки терористон дар ин минтакаи ахолинишин дар як биное маводи тарканда чой намуда, тачхизоти идорашавандаи онро дохили як бозича чой додаанд. Гуфта мешавад, ки новобаста аз икдомоти безараргардонии минахо дар Сурия то хануз дар мавриди бархурди кудакон ва ахолиии махали ба минахо ва дар пайи таркиши он кушта шудани кудакону сокинони осоиштаи дигари он иттилои зиёд пахш мешавад. Дар робита ба хаводиси Сурия президенти Федератсияи Русия Владимр Путин изхор доштааст, ки бо вучуди шикасти гуруххои терористи дар ин кишвар, аз худудхое зери назорати ифродгарон то хануз боки мондаанд, тахдидхо меаязояд. Ёдрас мешавем, ки президенти Русия санаи 7 январ ба шахри Димишк ташриф оварда саравал аз нуктаи фармондехии Куввахои мусаллахи Русия дар ин давлат дидан карда бо Башор Асад рохбари давлати Сурия мулокоту гуфтушнид анчом додааст. Зимни ин дидор аслан хамкорихо дар самти мубориза бо гурухои терористи бараси шудаанд. Дар ин дидор масъалаи фиристодани низомиён полиси рус ба минтакахои сархадии ин давлат дар миён гузошта шудааст.
Тоҷиддин Сатторов
Садои Душанбе