Дар Хоруғ хизматрасонии автобусҳои нав бо нархи дастрас ба мардум оғоз гардид
Имрӯз, 27 март автобусҳои мусофиркаш, ки бо дастгирии навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони шаҳри Хоруғ дастрас гардид, дар хатсайрҳои шаҳри Хоруғ ба фаъолият оғоз намуданд. Дар ин хусус дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар медиҳад.
Нархи роҳкирои автобусҳо 1,5 сомонӣ буда, реҷаи фаъолияташон аз соати 7:00 то 19:00-ро дар бар мегирад.
Хатсайри фаъолияти автобусҳои мусофирбар аз «Бозори 20-солагии Истиқлолият» то маҳаллаи Султони Валӣ, «Бозори 20-солагии Истиқлолият» то маҳаллаи Ниводак, инчунин аз «Бозори 20-солагии Истиқлолият» то маҳаллаи Андарситез, мавзеи Боғи ботаникӣ ва аз маҳаллаи Тем то Донишгоҳи давлатии Хоруғ мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки аз 5 автобус 2 адад бинобар зичии аҳолӣ дар хатсайри рақами 1 хизмат мерасонад.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии рушди мақсадноки нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2025» бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон автобусҳои муосири мусофиркашонӣ фиристода шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ