Хизматчиёни давлатии Тоҷикистон барои таҳсил ба Нидерландия мераванд

Хизматчиёни давлатии Тоҷикистон аз рӯи барномаи магистрии яксола оид ба захираҳои об ва рушди устувор барои таҳсил ба Нидерландия фиристода мешаванд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар Агентии хизмати давлатӣ бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал ва хизматчиёни давлатӣ аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҷалби хизматчиёни давлатӣ барои таҳсил аз рӯи барномаи магистрии яксола оид ба захираҳои об ва рушди устувор дар Донишкадаи байналмилалии идораи захираҳои об дар шаҳри Делфти Подшоҳии Нидерланд ҷаласаи корӣ баргузор шуд.

Дар ҷаласаи иброз гардид, ки ҳамкории байналмилалии густурдаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди захираҳои инсонӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос бо давлатҳои хориҷа ба таври дахлдор ба роҳ монда шуда, ҳамасола хизматчиёни давлатӣ ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ ба зинаҳои гуногуни таҳсил, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта мешаванд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE