Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Чин
26 апрели соли 2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар шаҳри Сиан, бо узви Шӯрои давлатӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Тсин Ган мулоқот намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷиии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар мулоқот ҷонибҳо доираи васеи ҳамкориҳои дуҷониба, масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, алалхусус чорабиниҳои дарпешистодаи сатҳи олӣ миёни Тоҷикистон ва Чин ва Саммити сарони давлатҳои дар сиғаи “Осиёи Марказӣ – Чин”-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Чин бо такя бо шарокати стратегии ду кишвар, ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои иқтисод ва тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, саноат, нақлиёт кишоварзӣ, илму техника, рақамикунонии соҳаҳои калидии кишвар, маориф, тиб, туризм ва ғайра таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд,
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин аз ҳамтои чинии худ узви Шӯрои давлатӣ, вазири корҳои хориҷии Чин Тсин Ган барои анҷоми сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони барояш мувофиқ даъват ба амал овард.