Шӯрои амнияти СММ ҳукуматдорони афғонро барои манъи кори занон дар ин ниҳод маҳкум кард
Шӯрои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид рӯзи панҷшанбе раҳбарияти кунунии Афғонистонро барои манъи кори занони афғон дар СММ маҳкум намуда, аз онҳо даъват ба амал овард, ки фавран аз тасмими худ «баргаштан ба қафо» даст кашанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» хабар медиҳад.
15 давлати аъзои Шӯрои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид якдилона қатъномаеро ба тасвиб расондаанд, ки дар он «иштироки комил, баробар, муҳим ва бехатари занону духтарони афғон дар ҷомеа» тақозо шудааст.
Дар санад аз мамнӯъияти кори занон дар СММ «нигаронии амиқ» баён шуда, таъкид гардидааст, ки ин амал ба фаъолияти кӯмакрасонии Созмони Миллали Муттаҳид дар ин кишвар «таъсири манфӣ ва ҷиддӣ» мерасонад .
Шӯрои амният ҳамчунин таъкид кард, ки то лағви ин манъ, Намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон (UNAMA) наметавонад ваколатҳои башардӯстонаи худро иҷро намояд.
Дар Афғонистон занону духтаронро аз бисёр ҳуқуқҳо маҳрум кардаанд. Ба онҳо таҳсил дар мактабҳои миёна ва олӣ манъ шуда, пешравӣ ва бо кор таъмин гардиданашон низ маҳдуд гардидааст. Дар моҳи декабр ҳамчунин занон аз ҳуқуқи кор дар созмонҳои ғайриҳукуматӣ маҳрум шуданд.