КВД БА «Амонатбонк» ҷоизаи тиллоии «Бренди сол»-ро ба даст овард
Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Амонатбонк» барандаи ҷоизаи тиллоии «Бренди сол» гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Амонатбонк» иттилоъ додааст.
Озмуни «Бренди сол-2022» таҳти унвони «Қуллаи Шараф» бо ибтикори Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, «Амонатбонк» бо назардошти доираи фарогирии шабакаҳо, иқтидор, мавқеъ, нишондиҳандаҳои молиявӣ ва саҳми назаррас гузоштан дар татбиқи сиёсати молиявӣ ва рушди устувори иқтисодиёти мамлакат бо ҷоизаи тиллоии «Бренди сол 2022» сарфароз гардонида шуд.
Ташвиқ ва тарғиби соҳаи ҳифзи ҳуқуқии тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян ва пешниҳод намудани намунаҳои идоракунии боэътимоди брендҳо, ҳавасмандгардонии ширкатҳо барои истифодаи брендинг аз ҳадафҳои асосии озмуни «Бренди сол – 2022» — «Қуллаи Шараф» буд.
Дар айни замон «Амонатбонк» дорои беш аз 600 филиалу маркази бонкӣ буда, ба 25 ҳазор корхонаю ташкилот, зиёда аз 780 ҳазор нафақагири мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ва зиёда аз 1,8 миллион амонатгузор хизмат мерасонад. Тамоми ин масъулиятро беш аз 3 000 корманди «Амонатбонк» бар уҳда дорад.