21 май дар тамоми қаламрави Тоҷикистон Дави миллӣ доир карда мешавад

Чорабинии мазкур 21 май дар шаҳри Душанбе, соати 07:30 аз назди Донишгоҳи аграрӣ, тавассути кӯчаҳои Карамов-хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» доир мешавад.

Ҳамзамон бо дарназардошти оммавият, рушди намуди варзиши велосипедронӣ дар мамлакат ва ҷалби бештари аҳолӣ ба он 21 май пеш аз оғози Дави миллӣ марафони велосипедронӣ дар назар дошта шудааст.

Мақсад аз баргузории чорабинӣ таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ мебошад.

Дави миллӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май гузаронида мешавад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE