Ба ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи 200-нафараи афсарони ҷавон ҳамроҳ шуд
29 апрел ба ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи қариб 200-нафараи афсарони ҷавон ҳамроҳ гардид. Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хатмкунандагони навбатии худро ба сафи Артиши миллии мамлакат ва дигар сохторҳои қудратӣ ба кори мустақилонаи ҳарбӣ гусел намуд. Дар ин хусус дар Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар доданд.
Маросими бошукуҳи ҷашнӣ ба муносибати хатми навбатии донишҷӯёни ин муассисаи олии таълимии ҳарбӣ чун ойини доимии низомиён бо ворид намудани Байрақи ҷангӣ ба майдони баргузории чорабинӣ ва баъд аз садо додани Суруди миллӣ шуруъ гардид.
Дар ҷараёни ин ҳамоиши муҳими низомӣ бо амри масъули донишкада ҳайати хатмкунандагони ин муассисаи олии таълимии ҳарбӣ ба маркази майдон бароварда шуда, аз тарафи ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва дигар афсарону устодони ин боргоҳи илми ҳарбӣ ба онҳо дипломи хатм супорида шуд.
Таъкид бояд кард, ки тайи солҳои охир раванди барномаҳои дарсӣ, сифати таълиму тарбия ва сатҳи омода кардани афсарони оянда дар Донишкадаи ҳарбӣ боз ҳам баланд гардида, имсол низ чанд тан аз курсантони фаъол ин муассисаи олии таълимии ҳарбиро бо баҳои аъло хатм намуданд.
Масъулини Вазорати мудофиаи мамлакат маросими хатми донишҷӯёнро рӯйдоди хеле хотирмону фаромӯшнопазир дар ҳаёти афсарони ҷавон арзёбӣ намуда, ба онҳо дар ин роҳи пуршарафи хизмати содиқонаву софдилона ба нафъи Ватан, давлату миллат, таҳкими истиқлол ва ҳифзи якпорчагии ин сарзамини аҷдодӣ барору комёбӣ таманно намуданд.
Хотиррасон менамоем, ки Донишкадаи ҳарбӣ аз соли 1993 инҷониб дар тобеияти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад. Он аз рӯйи 18 ихтисос мутахассиси варзидаи низомӣ омода намуда, дар самти таъмину пуррагардонии навъҳои қӯшуни Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ва дигар сохторҳои қудратӣ бо афсарони касбӣ саҳми арзанда мегузорад.
АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон