Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Президенти Ҷумҳурии Индонезия Ҷоко Видодо мулоқот намуд

Имрӯз дар ҳошияи Форуми 10-уми ҷаҳонии об дар Бали мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Президенти Ҷумҳурии Индонезия Ҷоко Видодо доир шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Зимни вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Индонезия дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ, рушди робитаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, ҷалби сармоягузорӣ, обу энергетика, саноат, нақлиёт, фарҳанг, маориф, мубориза бо хатару чолишҳои муосир ва ба роҳ мондани мубодилаи сафарҳои расмии сатҳҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамчунин тарафҳо доир ба ҳамкории ду давлат дар масоили мубрами байналмилалӣ дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва ташаббусҳои байнамилалии Тоҷикистон, инчунин доир ба масоили баргузории Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар шаҳри Душанбе мубодилаи афкор намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE