Шарҳ: Арсенал ҳанузам талошро барои унвони қаҳрамонӣ идома медиҳад

Даври 34-уми мусобиқаи қаҳрамонии Англия оид ба футбол бо дидори ду дастаи шаҳри Лондон Арсенал ва Челси ҷамбаст гардид. Ин дидор бо пирузии тими Арсенал сурат гирифт. Аз ин пештар Ливерпул тавонист бар Тотенхем пируз ояд. Манчестер Сити низ рақиби худро ин навбат тавонист ба мағлубият дучор намояд.

Арсенал як қадами дигар ба суи қаҳрамони дар кишвараш наздик шуд. Дар доираи даври 34-уми мусобиқаи қаҳрамонии Англия оид ба футбол дастаи садрнишини ҷадвали мусобиқа Арсенали Лондон бо яке аз рақибони сарсахти худ Челси ру ба ру гардид. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Эмирайтс”-и шаҳри Лондон дар ҳузури 60 144 нафар мухлис   доир шуда, бо ҳисоби 3  бар 1  ба суди мизбонон   хотима ёфт. Алакай дар нимаи аввал футболбозони мизбон се голи худро ба нишон расониданд. Нахуст дар дақиқаи 18-ум Эдегор ба кушоани ҳисоби бозӣ даст ёфт ва то анҷоми нимаи аввал тавонист ба номаш дубл сабт намояд.Голи дигари дастаи Арсеналро Габриэл Жезус ба номи худ сабт кард.  Ягона голи ҷавобии дастаи челсиро Мадуэке дар дақиқаи 65-ум ба нишон расонид. Дастпарварони Микел Артета пас аз чаҳор бозӣ билохира тавонистанд, ки пирӯзӣ ба даст биёранд. Ҳоло онҳо дар садри ҷадвали мусобиқот бо 78 имтиёз маскан гирифтаанд. “Тӯпчиён” аз дастаи “Манчестер Сити” ду имтиёз бештар доранд, дар сурате “шаҳриҳо” ҳоло 2 бозии захиравӣ дар ихтиёр доранд. “Челси” 7 бозӣ мешавад, ки дар Премйер-Лига пирӯзӣ ба даст оварда, наметавонад. Ҳоло даста бо доштани 39 имтиёз дар зинаи 12-ум мавқеъ гирифтааст.

Ин навбат дастаи Манчестер Сити дар сафар бо дастаи Фулхем ру ба ру гардид. Ин рақобат дар варзишгоҳи Крэйвен Коттедж сурат гирифта, бо пирузии тими Манчестер хотима ёфт. Футболбозони Манчестер Сити аллакай дар нимаи аввал ҳар ду голи худро ба нишон расониданд. Эрлинг Ҳоланд дар дақиқаи сеюм бо иҷрои зарбаи пеналти ҳисоби бозиро кушод. Ба ин гол дар дақиқаи 15-ум Винисиус аз дастаи Фулхем ҷавоб гардонида, ҳисобро баробар кард. Аммо бо гузашти даҳ дақиқаи дигар Алварес голи дуюми меҳмононро ба дарвозаи рақиб ворид карда, ҳисобро ду бар як баробар кард. Бо ҳамин натиҷа шогирдони Хосеп Гвардиола пирузӣ ба даст оварда, шумораи имтиёзҳояшро ба 76 адад баробар карда, ҳанузам дар мақоми дуюм қарор дорад. Фулхэм дар ҳисобаш 45 имтиёз дошта, дар мақоми даҳуми ҷадвал ҷой гирифтааст.

Аз ин пештар дар доираи даври 34-уми пример лигаи Англия дастаи Ливерпул бо Тотенхем андари майдони рақобат шуд. Ин рақобат дар варзишгоҳи Энфилд доир гашта, бо пирузии тими мизбон ҷамбаст шуд. Ин рақобат бо натиҷаи 4:3 анҷом ёфта, голҳоро аз дастаи Ливерпул Ҷонс,Диас, Салоҳ ва Диогу Жота ба нишон расониданд. Пас аз се голи шогирдони Юрген Клопп футболбозони Тоненхем низ тавонистанд тавозунро баробар намоянд се голи ин дастаро Ҳари Кейн, Сон Хин мин ва Ришарлисон ба номашон сабт намуданд. Голи ғалабаовари ливерпул дар дақиқаҳои иловагии вақти асосӣ аз ҷониби Диегу Жота зада шуд. Ин пирузи боис гашт, ки Ливерпул шумораи имтиёзҳояшро ба 56 адад баробар карда, мавқеи Тотенхемро, ки то ин дам бо 54 имтиёз дар мақоми панҷум қарор дошт соҳиб шавад. Тотенхем бошад ҳамакнун ба зинаи шашум фаромад.

Дар ин даври рақобатҳо дастаҳои Кристал Пелас бар Вест Хем, Брентфорд бар Нотингем Форест, Брайтон бар Вулверхемптон, Борнмут бар Лидс, манчестер Юнайтед бар Астон вила ва Нюкасл бар Саутгемптон пируз омаданд. Дидори дастаҳои Лестеру Эвертон бо натиҷаи мусовӣ ҷамбаст гардид.

Мижгонаи Насриддин,

 Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE