Сафари гурӯҳи дуюми ҳайати олимпии Тоҷикистон ба Токио

Субҳи 26 июл гурӯҳи дуюми ҳайати дастаи мунтахаби  олимпии Тоҷикистон — варзишгарону мураббиёни намудҳои варзиши сабук ва шиноварӣ ба  шаҳри Токиои Ҷопон  сафар карданд. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ хабар дод.

Дар намуди варзиши сабук Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 Илдар Аҳмадиев (мураббӣ Ғайрат Неъматов) ва дар намуди шиноварӣ Анастасия Тюрина, Олимҷон Ишанов (мураббӣ Муҳаммад Табаров) намояндагӣ мекунанд. Илдар Аҳмадиев дар дав ба масофаи 100 метр миёни мардҳо 31 июл сабқат мекунад. Финали ин масофа 1 август ба нақша гирифта шудааст.

Хотиррасон мешавем, ки Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишанов  30 июл дар мусобиқаи шиноварӣ ба масофаи 50 метр, тарзи озод ҳунарнамоӣ мекунанд. Нимфинали ин масофа 31 июл ва финал 1 август баргузор мешавад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE