Рустами Эмомалӣ ва Ҷанни Инфантино аз раванди корҳои сохтмонии маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Варзоб дидан намуданд

Президентҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) Ҷанни Инфантино аз ҷараёни корҳои сохтмонии маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон дидан карданд. Дар ин хусус дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияи Варзоб, дар километри 40-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд бунёд шуда, ҳамчун макони тамринии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Маркази техникии ФФТ аз меҳмонхона, маркази тиббӣ, майдонҳои тамринӣ бо сабзаи табиӣ ва сунъӣ, майдони футзали болопӯшида ва ғайра иборат аст.

Дар маркази техникии бунёдшаванда президенти ФИФА Ҷанни Инфантино бо бозигарону мураббиёни дастаи миллии Тоҷикистон ва кормандони Федератсияи футболи Тоҷикистон мулоқот кард.

Ба президенти ФИФА пироҳани дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон таҳти рақами 9 туҳфа гардид.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE