Дастаи “Кӯшон” барандаи Ҷоми вилояти Хатлон-2022

Дирӯз,  30-юми  ноябри соли 2022, дар варзишгоҳи марказии “Пахтакор”-и шаҳри Бохтар бозии ниҳоии Ҷоми вилояти Хатлон баргузор гардид.

Дар чорабинии варзишӣ Фируза Шарифӣ муовини раиси вилояти Хатлон, Қурбон Қурбонзода сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон ва Шарипов Исроил муовини раиси Федератсияи футболи Хатлон иштирок намуданд.

Бозии ниҳоӣ, дар вазъияти дӯстона ва сатҳи баландӣ ташкилӣ баргузор гардида, дар натиҷа дастаи футболи “Кӯшон”-и ноҳияи Кӯшониён дастаи “Нури деҳот”- и ноҳияи Панҷро бо ҳисоби 2- 1 мағлуб намуд. Дар вазъиятӣ идона ба дастаи “Кӯшон” Ҷоми вилояти Хатлон-2022 ва медалҳо аз тарафи меҳмонон супорида шуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE