Хонандаи шаҳри Душанбе дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба таэквондо ITF сазовори ҷойи якум гардид

Хонандаи синфи 5-и Муассисаи давлатии таълимии «Гимназияи ба номи Асадулло Ғуломов» -и шаҳри Душанбе дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба таэквондо ITF, ки 6-7 май дар шаҳри Душанбе доир шуд, сазовори ҷойи якум гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода хабар дод.

Дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба таэквондо ITF зиёда аз 200 варзишгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон, Узбекистон ва Қазоқистон иштирок намуд.

Дар мусобиқа хонандаи синфи 3-и Литсейи №4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Назар Рақамов сазовори ҷойи дуюм гардид.

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE