ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ФУТБОЛ. Имрӯз дастаи «Равшан» бо «Ҳосилот» ва «Истиқлол» бо «Хатлон» бозӣ мекунад

Имрӯз, соати 17:00, ду бозии охири даври ҳаштуми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ дар байни дастаҳои футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ва «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор ва «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дар варзишгоҳҳои мамлакат баргузор мешавад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

4-5 май дар доираи бозиҳои даври ҳаштуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол дастаҳои «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд ва «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ дар ҳузури 3 000 мухлис байни ҳам бозӣ карданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардида, бо ҳисоби 1 бар 0 ба фоидаи мизбонон анҷом ёфт. Ягона голро дар дақиқаи 23-юми бозӣ Дилшодҷон Каримов ба нишон расонид. Аз ҳайати дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ Ҷозеф Феумба бинобар дағал бозӣ кардан дар дақиқаи 64-уми вохӯрӣ аз ҷониби довари марказии бозӣ корти сурх гирифта, аз бозӣ берун карда шуд. Дилшодҷон Каримов аз ҳайати дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд беҳтарин бозингари вохӯрӣ дониста шуд. Пас аз ин ғалаба дастпарварони Игор Суров ба садри ҷадвали мусобиқот баромаданд. Ҳоло даста дар ҳисоб 13 имтиёз дорад.

Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе як бозӣ дар ихтиёр дошта, ҳоло бо 11 имтиёз дар зинаи дуюм аст. Дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо 9 имтиёз дар зинаи 4-уми ҷадвали мусобиқот ҷой гирифтааст.

Ёдовар мешавем, ки дар даври гузашта дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд дар ноҳияи Фархор аз дастаи «Ҳосилот» бо ҳисоби 0 бар 1 мағлуб шуд. Дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ дар варзишгоҳи «Нефтяник» бар дастаи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби калони 5 бар 1 ғалаба карда буд.

Ҳоло дар даври навбатии Чемпионати Тоҷикистон дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд дар ноҳияи Рӯдакӣ бо дастаи «Кӯктош» рақобат мекунад. Вохӯрии дастаҳо 13 май дар варзишгоҳи «Нефтяник» доир мегардад. Дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ дар даври навбатӣ 14 май бо дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бозӣ мекунад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE