Барқияи изҳори тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба Рам Натх Ковинд
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Рам Натх Ковинд барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
“Ҷаноби Олӣ,
Хабари ба ҳалокат расидани теъдоди зиёди мардум ва ба вуқӯъ пайвастани харобиҳои ҷиддӣ дар Ҷумҳурии Ҳиндустон бар асари боришоти шадид ва фаромадани ярч боиси андуҳ ва изтироби амиқи мо гардид.
Бо изҳори ҳамдардии самимии ин ҷониб ба пайвандон ва наздикони қурбониёни офатҳои табиӣ, барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам”.