Боздиди Сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон аз табиати нотакрори Тоҷикистон
10 июн дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмони олимақом Сарвари ҷумҳурии дӯсту ҳамсояи Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо мақсади шиносоӣ бо имкониятҳои рушди соҳаи сайёҳӣ ба бӯстонсаройи беруназшаҳрӣ, воқеъ дар ноҳияи Варзоб ташриф оварданд.
Дар қароргоҳи беруназшаҳрӣ Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев табиати зебову нотакрор ва обҳои мусаффои шаршараҳоро тамошо карданд.
Дар ҳақиқат боду ҳавои фораму обҳои тозаи ин мавзеъ ба руҳи инсон ҳаловат мебахшад. Ин макон бо фазои мусоид ва табиати сабзаш макони мулоқот, сайру гашт ва тамошои меҳмонони сатҳи олӣ, аз ҷумла Сарони давлатҳои хориҷ гардидааст.
Ҳадаф аз баргузор кардани сайругашти шомгоҳӣ – муаррифии мавзеъҳои зебову нотакрори кишвари биҳиштосоямон мебошад.
Мавриди зикри хос аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо анъанаҳои олии меҳмоннавозии тоҷикона маҳбубияти хоса дошта, ҳар як меҳмони Тоҷикистонро самимона пазироӣ менамоянд.
Меҳмоннавозии анъанавии тоҷикон аз қадим хусусиятҳои хоси дӯстонаю самимияти баланд дошта, кишвари мо дар олам ҳамчунин бо таъомҳои хушлаззати миллӣ маъруф аст ва Тоҷикистон бо сарватҳои табиӣ, бахусус обҳои мусаффо ва меваю сабзавоти шаҳдбораш кишварест нотакрор.