КҲФ: Заминларза, ҳалокати ноболиғ ва ҳамлаи хирс ба чорво
Бино ба ахбори фаврии Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар заминларза, як ҳодисаи нохуш дар об ва ҳамлаи хирс ба рамаи ҳайвонот ба қайд гирифта шуд.
Бино ба маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 11-уми майи соли равон соати 18:07 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.
Маркази ин заминларза 173 километр шимолу шарқи шаҳри Душанбе, 41 километр дуртар аз ноҳияи Рашт дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Ин манбаъ иттилоъ дод, ки қувваи заминларза дар маркази он 4 балл, дар ноҳияи Рашт 3 баллро ташкил дод.
Талафоти ҷониву хисороти дигар ба қайд гирифта нашудааст.
Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон аз ҳалокати як сокини 6-солаи деҳаи Орзуи ноҳияи Кушониён хабар дод. Ин ноболиғ рӯзи 28-уми апрели соли 2023 аз хона баромада дигар барнагаштааст ва тӯли ин рӯзҳо ҷустуҷӯи ӯ идома дошт.
Дар ҷараёни роҳандозии корҳои ҷустуҷӯву наҷот рӯзи 11 майи соли равон ҷасади ноболиғро, ки ғарқ шуда буд, пайдо ва ба мақомоти дахлдор супурданд.
10 – уми майи соли 2023 тахминан соати 03:21 дақиқа бо вақти маҳаллӣ дар ҳудуди деҳаи Корвонгузари ҷамоати деҳоти Нурафшони ноҳияи Лахш аз бемасъулиятии чӯпон як хирс вориди оғил шуда, 47 чорвои хурдро ба ҳалокат расонд.
Ин 47 сар чорво марбут ба 3 сокини деҳаи мазкур будааст.