Дар Минск конфронси Иттиҳодияи тоҷикони Беларус доир шуд

Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус 8 май конфронси Иттиҳодияи байналмилалии ҷамъияти тоҷикон «Сомониён» ва вохӯрии кормандони намояндагии дипломатӣ бо роҳбарият ва аъзои иттиҳодия доир гардид. Дар ин хусус дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус хабар доданд.

Дар конфронс ҳайати нави Кумитаи иҷроияи Иттиҳодияи байналмилалии ҷамъияти тоҷикон «Сомониён» ва Комиссияи назоратӣ-санҷишӣ интихоб гардид.

Кормандони намояндагии дипломатӣ ба роҳбарияти нави ҳайати Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди тоҷикони Беларус ҷиҳати вусъат бахшидани фаъолият дар самти пешбурди фарҳанги миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ҷамъият пешравӣ таманно намуданд.

Таъкид карда шуд, ки аъзои иттиҳодия дар пешгирии гаравиши ҳамватанон, алалхусус ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ фаъол бошанд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE