Ба Қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» тағйирот ворид карданиад

Тибқи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021», воридоти маҳсулоти озуқа, сӯзишвории дизелӣ ва бензин аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, аксиз ва боҷи гумрукӣ озод гардида, ворид намудани илова ба моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» пешбинӣ мегардад.

Дар ин хусус зимни ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.

Тавре   аз Маҷлиси намояндагон иттилоъ доданд,  зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Карим Гулмуродзода ва вакили мардумӣ Гулбаҳор Назирӣ таъкид намуданд, ки лоиҳаи Қонуни пешниҳодгардида бо мақсади ҷалб ва истифодаи самараноки маблағҳои қарзии Корпоратсияи байналмилалии исломӣ ва таъмини бозори истеъмолии аҳолӣ бо молҳои мавриди ниёзи аввал, инчунин бензин ва сўзишвории дизелӣ таҳия шудааст.

Вакилони ҳамчунин дар ҷаласа лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Масъалаи дигари рӯзнома — лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба вакилони мардумӣ муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бароталӣ Ҳамидзода ва вакили мардумӣ Баҳриддин Зиёӣ муаррифӣ намуда, изҳор доштанд, ки лоиҳаи Қонуни мазкур ҷиҳати ба танзим даровардани меъёрҳои ҳуқуқӣ зимни баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъмини ҷазои маъмурӣ дар қисмҳои мустақил, дидбонгоҳҳои алоҳида, дидбонгоҳҳои тобеи ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонӣ ва нозироти назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳия гардидааст. Бо ин мақсад сархати сеюми қисми 2 моддаи 98 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ифода карда мешавад, ки тибқи он барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъйини ҷазои маъмурӣ аз номи мақомоти корҳои дохилӣ- сардори сарраёсат ва муовинони ӯ, сардорони шуъбаҳои назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор, сардорони раёсатҳо ва муовинони онҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон,  вилоятҳо, шаҳри Душанбе, сардорони Хадамоти давлатии оташнишонӣ, сардорони қисмҳои мустақил, қисмҳои тобеъ, дидбонгоҳҳои алоҳида ва нозироти Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар шаҳру ноҳияҳо оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки дар моддаҳои 287 ва 473 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, ҳуқуқ доранд.

Аз рӯи масъалаи дигари рӯзнома — лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» дар назди вакилони мардумӣ  узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Зафар Файзуллозода изҳор намуд, ки лоиҳаи Қонуни мазкур мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Раҷаббой Аҳмадзода, Қурбон Ҳакимзода ва Мадина Набизода таҳия шудааст.

Лоиҳаи мазкур бо мақсади татбиқи дастур ва нишондодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум аз 17 апрели соли 2020 ҷиҳати мусоидат намудан барои риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонун ва бартараф намудани камбудиҳое, ки дар фаъолияти Маҷлисҳои маҳалии вакилони халқ ҷой доранд, таҳия ва пешниҳод шудааст.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE