Муовини Сарвазири Тоҷикистон аз ҷараёни кишти картошка дар ноҳияи Тоҷикобод боздид намуд

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Файзуллозода ва муовини Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳрулло Зуҳурзода бо сафари корӣ ба ноҳияи Тоҷикобод рафта, бо ҷараёни кишту кори баҳорӣ, аз ҷумла кишти картошка  ва нашъунамои ниҳолҳои боғҳо аз наздик шинос шуданд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод иттилоъ доданд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон  Зиёзода ва ҳайати ҳамроҳаш аз идомаи кишти картошка дар шафати шоҳроҳ ва мавзеи баландкӯҳи Регак дидан намуда, бо деҳқонону механизаторон суҳбат намуд. Мавсуф ба масъулини соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ дастур дод, ки дар давраи кишт талаботи агротехникиро  риоя намуда, дар муҳлати пешбинишуда кишти картошкаро ба анҷом расонанд.

Гурӯҳи корӣ дар мавзеъҳои баландкӯҳи ноҳия бо ҷараёни кишти картошка шинос шуда, бо кишоварзон ва мутахассисони соҳа суҳбат намуд. Зимни боздид бобати беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишт ва баланд бардоштани маданияти истифодаи замин ба кишоварзон маслиҳатҳои муфид дода шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE