Дар Душанбе масъалаи баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ баррасӣ карда шуд

Дирӯз муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Ашӯрбой Солеҳзода бо ҳайати расмии Бонки ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии Директори минтақавии рушди одилона, молия ва муассисаҳо хонум Лалита Мурти мулоқот  намуд, ки зимни он масъалаи баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт, хабар медиҳад Вазорати рушди иқтисод.

Гуфта шуд, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории мутақобилан судманд бо Бонки ҷаҳонӣ сол то сол рушд карда, ба сатҳи сифатан нав баромадааст.

Зимни вохӯрӣ ҳамзамон масъалаҳои таъмини рушди устувор ва суръатноки иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва кам намудани вобастагии мамлакат аз омилҳои берунӣ муҳокима карда шуд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои дар сатҳи баланд баргузор намудани 30-солагии ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикстон ва Бонки ҷаҳонӣ, ки моҳи июни имсол дар назар аст ва боз ҳам густариш додани ҳамкории мутақобилан судманд баён намуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE