Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ Ҷин Лисун мулоқот намуданд

17 май дар шаҳри Пекин дар доираи сафари давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ Ҷин Лисун мулоқот намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ масоили рушди ҳамкории Тоҷикистон ва ин ташкилоти байналмилалии молиявӣ баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохториро шарики боэътимоди Тоҷикистон номида, изҳори итминон намуданд, ки натиҷаҳои мулоқоти имрӯза ба раванди густариш ва тавсеаи ҳамкории мо такони нав хоҳанд бахшид.

Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба таҳқими ҳамкорӣ дар самти маблағгузории минбаъдаи рушди “инфрасохтори сабз” дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва шаҳрдорӣ табодули андеша намуданд.

Таҳкими робитаҳо, ҷалби ҳарчи бештари сармоя ба лоиҳаҳои афзалиятнок ҷиҳати рушди соҳаҳои инфрасохтор, саноат, бахши хусусӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодӣ ва дастгирии соҳибкорӣ зарур шумурда шуд.

Аз ҷумла, ҳангоми мулоқот Президенти Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ Ҷин Лисун оид ба ҷудо намудани маблағҳои имтиёзнок дар ҳаҷми 500 миллион доллари ИМА барои татбиқи лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун изҳор намуд.

Инчунин, ҷонибҳо масъалаҳои маблағгузории лоиҳаҳои коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзию канданиҳои фоиданокро аз бахшҳои дигари ҳамкорӣ номида, ҳамзамон таъкид намуданд, ки дар Тоҷикистон барои амалисозии онҳо тамоми имкону захираҳо мавҷуд аст.

Дар рафти мулоқот ҳамчунин оид ба вазъи глобалии тағйирёбии иқлим, норасоии оби ошомиданӣ, таъсири ин омилҳо ба иқтисоди кишварҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо, гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE