Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Алмато иштирок намуд

Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон дар Форуми иқтисодии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода таваҷҷуҳи ҳозиринро ба истифодаи пурраи имконоти мавҷуда ва таҳкими ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ҷалб намуд.

Зимни муарифии имконият гидроэнергетикӣ Сарвазири мамлакат таъкид намуд, ки ҳадафҳои Роҳбари давлати Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба истифодаи пурраи манбаъҳои табиӣ ва зиёд кардани истеҳсоли энергияи “сабз” аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда равона гардидааст.

Тазаккур дода шуд, ки дар доираи таҳкими ҳамкорӣ мебояд таваҷҷуҳи ҳарчи бештар ба рушди соҳаи нақлиёт, кишоварзӣ, истифодаи тенологияи рақамӣ ва дар ин замина фароҳам овардани шароити беҳтар барои равнақи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ равона шавад.

Ҳадаф аз баргузории Форуми иқтисодии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ пайдо кардани роҳҳои нави ҳамкорӣ ва равнақи робитаҳо дар бахшу соҳаҳои энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, истифодаи технологияи рақамӣ ва ноил шудан ҷиҳати гузариш ба иқтисоди “сабз” мебошад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE