Пагоҳ дар Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор мегардад

Пагоҳ дар Тоҷикистон  Дави миллӣ доир карда мешавад. Дави миллӣ ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола 23 май баргузор мегардад, бахшида мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Мусобиқаи мазкур 21 май, соати 07:30 тавассути кӯчаҳои Карамов-хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе доир мешавад.

Ҳамзамон бо назардошти оммавият, рушди намуди варзиши велосипедронӣ дар мамлакат ва ҷалби бештари аҳолӣ ба он 21 май пеш аз оғози баргузории Дави миллӣ дар саросари ҷумҳурӣ марафони велосипедронӣ дар назар дошта шудааст.

Мақсад аз баргузории мусобиқа-таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ мебошад. Мусобиқаи мазкур маъракаи умумимиллӣ буда, ба солимӣ ва оммавияти варзиш нигаронида шудааст.  Дави миллӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май дар ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE