Далелҳои ҷолиб дар бораи шаршараи Анхел
Баландтарин шаршара дар ҷаҳон дар Венесуэла, дар боғи миллии Канайма ҷойгир аст. Оби ин шаршара аз баландии 1034 метр ба кӯҳи дигар мерезад. Ин шаршараро Анхел (тарҷумааш “Фаришта”) меноманд. Шаршара ба шарафи ҳавонавард Ҷеймс Эйнҷела номгузорӣ шудааст. Ҷеймс Эйнҷела соли 1933 аз болои шаршара парвоз карда, кӯшиш мекард, ки аз ҳаво конҳои алмосро ки мардуми бумӣ дар бораи он ҳарф мезаданд, бубинад. Ҷолиб он аст, ки ин шаршара аз кӯҳе бо номи Ауянтепуи меафтад, ки тарҷумааш “Кӯҳи Иблис” аст.