Мулоқоти Музаффар Ҳусейнзода бо Ҳамоҳангсоз оид ба Осиёи Марказӣ, вазири ваколатдори Италия

24 майи соли 2023 муовини вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода  ҳамоҳангсоз оид ба Осиёи Марказӣ, вазири ваколатдори Италия Ҷанлука Грандиро ба ҳузур пазируфт . Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба тавсеа ва рушди муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин дар ҳошияи қолаби С5+1 мубодилаи афкор намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE