ТАВАҶҶУҲ! Бахшида ба Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон намоиш-фурўши китобҳои бачагона доир мешавад

30 май дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон (1 июн) намоиш — фурӯши 160 номгўй китобҳои рангаи бачагона бо 50 фоиз тахфиф баргузор мегардад, хабар медиҳад Ташкилоти ҷамъиятии байналмиллалии «Истиқбол» .

Намоиш — фурӯши китобҳои бачагона 30 май, соати 09:00 дар саҳни маҷмааи «Шарқи Озод» барпо мешавад.

«Гурбачаи танбалак….танбалаки ҳандалак», «Маро нағз мебинед?», «Олуча гули бодом», «Мўр ва анбўр», «Лолаи боми бобо», «Се бузичаи гурусна», «Алифбои зудомўз», «Сайёҳати заргўшак», «Саргузашти чўҷаи доно», «Баррача», «Бозии рустшавакон», «Биникадуча», «Чаҳор наво», «Қиссаи гандумак» номгўи чанде аз китобчаҳое мебошад, ки дар ин намоиш ба фурўш гузошта мешавад.

Дар ин маъракаи фарҳангӣ шоирону нависандагони маҳбуб ва шинохтаи тоҷик: Камол Насрулло, Ато Мирхоҷа, Абдулҳамид Самад, Сафияи Носир, Раҳмат Назрӣ, Юсуфҷон Аҳмадзода, Салими Зарафшонфар, Абдурофеъ Рабизод, Нуқраи Суннатиё, Бузургмеҳри Баҳодур, Абдусаттори Раҳмон, Муродалӣ Собир, Муҳаббат Юсуфӣ, Эгамназари Соҳибназар, Равшани Ҳамроҳ, Мансури Суруш ва дигарон иштирок менамоянд.

Иштирокдорон метавонанд дар китобҳои харидаашон аз шоирону нависандагони зикршуда соядаст гирифта, бо онҳо суҳбат намоянд.

АКС: Ташкилоти ҷамъиятии байналмиллалии «Истиқбол»

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE