Ҳалокати як ҷавони 17-сола аз Раъду барқ дар ноҳияи Ховалинг

Як сокини 17-солаи деҳаи Тагиҷари ҷамоати деҳоти Ҷонбахти ноҳияи Ховалинг аз зарби раъду барқ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. Марҳум дар вақти боронҳои шадиду раъду барқ дар чарогоҳи кӯҳи машғули чорвочаронӣ буд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитсон хабар доданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамвора дар ҳушдорҳои худ таъкид мекунад, ки дар замони боронҳои шадиду бодҳои сахт ва раъду барқ сокинон қоидаҳои бехатариро риоя кунанд.

Дар чунин ҳаво ҳеч маслиҳат нест, ки одамон кӯҳгардӣ кунанд, ҷамъоварии ҳезум раванд, гиёҳони дорувор ҷамъ оваранд ва ё чорво чаронанд ё худ саргарми корҳои кишоварзӣ шаванд.

Дар чунин рӯзҳо маслиҳат нест, ки одамон ба соҳили махзанҳои об раванд, моҳидорӣ кунанд, шикор кунанд ва ё ба сайругашт бароянд.

Беэҳтиётӣ ҳамеша сабаби чунин нохӯшиҳо мешавад.

акс аз манбаъҳои боз

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE