Ярч дар Файзобод 31 сар чорвои калонро нобут кард

Бар асари боронҳои пуршиддат дар қаламрави кишвар омадани селҳо ва ярч ба қайд гирифта шуд. Талафоти ҷонӣ нест. Чунончӣ, 24 майи соли 2023 сооати  14:50 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар натиҷаи борони пуршиддат ва резиши жола дар ҳудуди деҳаҳои Чашмасор, Тилло Солеҳов ва Оҳуҷари ҷамоати деҳоти Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон сел омад. Дар натиҷа қитъаҳои наздиҳавлигии сокинон ва зироати кишоварзӣ зери об монд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитсон хабар доданд.

Ҳамчунин дар ҳудуди шараки Ёвон, дар кӯчаҳои Одинаев, Каром Мирзоев ва Тағоймурод Хушвақтов сел ба қитъаҳои наздиҳавлигии сокинон зарар расонд. 

Барои роҳандозии корҳои бартарафсозии паёмадҳои офати табиӣ як гурӯҳи корӣ бо сарварии ҷонишини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷойи ҳодиса эъзом шуд. Корҳои бартараф намудани оқибатҳои сел оғоз шуд. Ҳаҷми зарари расида муайян карда мешавад.

24 майи соли 2023 тахминан соати 17:00 дар ҳудуди деҳаи Шул ва Фурӯдгоҳи ҷамоати Нусратулло Махсуми ноҳияи Рашт  боронҳои шадид сабаби омадани сел шуд ва дар натиҷа 5 км роҳи мошингарди аҳамияти ҷумҳуриявӣ доштаи Сарипул-Навобод  баста шуд. Лою санг ба 250 метр роҳ зарар расонда , қитъаҳои замини сокинон ва зироатҳои кишварзиро зери об кард. 

Бино ба маълумоти шуъбаи КҲФ дар ноҳияи Файзобод 24 майи соли 2023 тахминан соати 17:00 дар қаламрави деҳаи Чилчашмаи ноҳияи Файзобод теппа лағжид дар натиҷаи ин офат 31 сар чорвои калон ҳалок гардид.

Дар ҷойи ҳодиса Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳия фаъолият дорад ва ҳаҷми зарари расидаро муайян мекунад. 

Хадамоти зидди жолаи Кумита иттилоъ дод, ки шабонарӯзи гузашта бо воситаи 25 мушаки зиддижолаи навъи “Алазан” хатари бориши жола дар осмони ноҳияҳои Ҳисор, Ваҳдат ва Данғара бартараф карда шуд. 

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE