Барқияи фаврии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазири корҳои дохилии Россия

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро вобаста ба лату кӯб ва шиканҷа шудани беш аз сад нафар донишҷӯёни тоҷики Донишгоҳи давлатии шаҳри Комсомолски лаби дарёи Амур дар кишвари Хабаровски минтақаи Шарқи дури Россия ва дар бораи рейди мақомоти Россия ба зидди муҳоҷирони тоҷик дар шаҳраки Котелники дар канори Маскав ва дар дигар шаҳрҳо ба Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерали политсия Колоколтсев В.А. барқия ирсол намуда, хоҳиш кард, ки ҷиҳати холисона баррасӣ намудани ҳодисаҳои мазкур ва таҳти назоратбарӣ қарор додани онҳо мусоидат намояд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод.

Хотиррасон менамоем, ки рӯзи 19 май мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва амнияти Федератсияи Россия донишҷӯёни мазкурро субҳ ҳангоми хоб буданашон рейд намуда, ба онҳо бераҳмона бархурд намуда онҳоро ба боздоштгоҳ бурдаанд.
Оид ба ин ҳодиса аз ҷониби мақомоти дахлдори Федератсияи Россия тафтишот идома дорад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE