27-СОЛАГИИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Қарори Раиси шаҳри Душанбе барои баргузории барномаҳои идона ба имзо расид
Ба ифтихори 27-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Душанбе барномаҳои фарҳангӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор мегарданд. Дар ин хусус қарори Раиси шаҳри Душанбе ба имзо расид, иттилоъ доданд аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола 27 июн таҷлил карда мешавад. Дар ин рӯз дар чор ноҳияи пойтахт, бахусус дар боғҳои фарҳангу фароғатии Душанбе базмҳои идона, нишасту ҷамъомадҳо ва дигар барномаҳои гуногуни фарҳангию варзишӣ гузаронида мешаванд.
Ҳамасола бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар саросари мамлакат чорабиниҳои идона доир мегарданд. Зеро Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсози мардуми Тоҷикистон шароит фароҳам овард, ки истиқлолияти давлатӣ пойдор бошад, дар ҷумҳуриамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободии мамлакат ва ояндаи неки давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.