Пагоҳ дар Душанбе аввалин мусобиқаи «Dushanbe Grand prix-2023» оид ба ҷудо оғоз мегардад

Пагоҳ дар «Маҷмааи варзишии Қасри теннис ва варзишҳои обӣ»-и шаҳри Душанбе аввалин бор Мусобиқаи байналмилалии «Dushanbe Grand prix-2023» оид ба ҷудо оғоз шуда, то 4 июн идома меёбад. Дар ин хусус директори варзишии Федератсияи гӯштини ҷудои Тоҷикистон Рамзӣ Шамиров ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар дод.

Варзишгарони беш аз 40 давлати панҷ қитъаи ҷаҳон барои иштирок дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии Душанбе-2023, ки дар доираи Сайри ҷаҳонии ҷудо аз ҷониби Федератсияи байналмилалии ҷудо баргузор мешавад, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меоянд.

Дар мусобиқа, ки бори аввал дар Тоҷикистон доир мешавад, 315 варзишгар аз 40 давлати дунё номнавис шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба унвони мизбони Гран-прии Душанбе-2023 34 варзишгар (28 мард, 6 зан) муаррифӣ менамояд. Инҳо байни мардон дар вазни то 60 кг Муҳаммадсолеҳ Қувватов, Меҳрзод Суфиев, Ҳақдод Гулов ва Муҳаммад Маҳмадизода мебошанд.

Дар вазни то 66кг Эмомалӣ Нуралӣ, Обид Ҷебов, Шаҳбоз Саидаброров ва Фирӯз Мелибойзода, дар вазни то 73кг Беҳрӯз Хоҷазода, Муҳаммадшариф Наҷмиддинов, Абубакр Шеров ва Мирзоҷамил Рамазонов, дар вазни то 81кг Сомон Маҳмадбеков, Шодмон Ризоев, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода ва Сайфиддин Сайфиддинзода, дар вазни то 90кг Комроншоҳ Устопириён, Ҷаҳонгир Маҷидов, Ҳақназар Назаров ва Акмал Муродов, дар вазни то 100кг Абубакри Акобир, Исроил Раҳимов, Эмомризо Анварзода ва Раҳматулло Мирзоев ва ниҳоят дар вазни +100кг Темур Раҳимов, Мансур Раҳмонов, Иброҳим Элмуродов ва Шакармамад Мирмамадов Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи баланд муаррифӣ мекунанд.

Байни бонувон Шукрона Қарчиева ва Мадина Қурбонзода дар вазни то 48кг, Аҳлия Муъминова дар вазни то 52кг, Шоҳида Қаландарова ва Фазилат Гулбоева дар вазни то 57кг ва Мавлуда Одинаева дар вазни то 63кг Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд.

Гран Прии Душанбе-2023 мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 буда, ба рейтинги варзишгарон хол илова мекунад. Хотиррасон мешавем, ки фонди ҷоизаҳои Гран Прии Душанбе 100 000 евроро ташкил дода, ғолибон дар ҳамаи 14 вазн (7 вазн байни мардҳо, 7 вазн байни духтарон) 3000 евро, барандагони медалҳои нуқра – 2000 евро ва барандагони медали биринҷӣ 1000 евро ҷоизапулӣ дарёфт мекунанд.

Бояд тазаккур дод, ки пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе дар доираи Сайри ҷаҳонии ҷудо дар давраи солҳои 2023-2026 ҳаққи баргузории мусобиқоти Гран-приро соҳиб гардид.

Ёдовар мешавем, ки Гран-при оид ба ҷудо ҳар мавсим дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон дар доираи Сайри ҷаҳонии ҷудо баргузор мешавад. Пеш аз Бозиҳои олимпӣ баъзе Гран-приҳо дорои иҷозатнома мебошанд, ки дар он варзишгарон дар рейтинги олимпӣ соҳиби холҳо мешаванд.

Билетҳоро барои ҳар рӯзи мусобиқа алоҳида метавонед аз қароргоҳи Федератсияи ҷудои Тоҷикистон (гузаргоҳи 1-уми кӯчаи Неъмат Қарабоев-17/1) харидорӣ кунед. Нархи як билет 50 сомонӣ буда, маблағи аз ин ҳисоб бадастомада бо дастури президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир ба корҳои хайр сарф мешавад.

АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE