ФЕДЕРАТСИЯИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН БА АНҶУМАНИ МУРАББИЁНИ ДАРАҶАИ «А»-И КФО ШОМИЛ ШУД

Кори фаъолонаи департаменти техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон оид ба тайёр кардани мураббиёну дастурдиҳандаҳо самараи худро медиҳад. Тоҷикистон ба анҷумани мураббиёни дараҷаи «А»-и Конфедератсияи футболи Осиё шомил шуд. 

Федератсияи футболи Тоҷикистон бо шомил шудан ба ин анҷуман ҳамакнун ҳуқуқ дорад, ки мустақилона бидуни ҷалби устодони хориҷӣ дар кишвар барои довталабони иҷозатномаи мураббигии дараҷаи «А» курсҳои омӯзишӣ гузаронад. Инчунин мураббиёни Тоҷикистон метавонанд аз рӯйи дипломҳои инҷо гирифтаашон дар кишварҳое, ки анҷумани КФО-ро қабул кардаанд, кор кунанд.

«Мо ба департаменти техникӣ ва шуъбаи таълими мураббигариии Конфедератсияи футболи Осиё барои кӯмаку дастгирии доимӣ дар рушди футболи Тоҷикистон изҳори сипос мекунем. Федератсияи мо ба рушди таълими мураббигӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунад ва тасдиқшавии анҷумани мураббигии мо дар сатҳи «А» бидуни дастгирии КФО имконнопазир мешуд», – гуфт Фурқат Аҳмедҷонов, дабири кулли ФФТ ба сомонаи расмии КФО.

Директори техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон Салоҳиддин Ғафуров афзуд: «Мехоҳам барои кӯмак ба дастурдиҳандаи КФО Ниҳод Сукар аз Урдун изҳори сипос кунам. Барои он ки КФО анҷумани моро дар сатҳи «А» қабул кунад, мо кори бузургеро анҷом додем».

Қобили зикр аст, ки Федератсияи футболи Тоҷикистон нақша дорад, то соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе барои довталабони иҷозатномаи «Pro» курсҳои мураббигӣ роҳандозӣ кунад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE