Даҳ варзишгари беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2023 муайян гардид

Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон даҳ варзишгари беҳтарини соли 2023-ро эълон намуд.

Бар асоси натиҷагирии назархоҳии хабарнигорони риштаи варзиш ба даҳгонаи беҳтарини сол намояндагони се намуди варзиш – бокс, ҷудо ва кураш дохил шуданд.

Баҳодур Усмонов аз намуди бокс – барандаи медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон дар шаҳри  Тошканд ва ғолиби «Шоми бокс» дар шаҳри  Душанбе беҳтарин варзишгари сол гардид.

Ба даҳгона Сомон Маҳмадбеков аз намуди гӯштини ҷудо — барандаи медали тиллои Бозиҳои 19-уми Осиё дар шаҳри Ҳангжоуи Чин дар вазни то 81 кг, ғолиби Гранд-слами Остона ва Гран-прии Душанбе, барандаи медали биринҷии Гранд-слами Тошканд; Давлат Болтаев аз намуди бокс – барандаи медали тиллои Бозиҳои 19-уми Осиё дар шаҳри  Ҳангжоуи Чин, соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Париж-2024, ғолиби «Шоми бокс» дар шаҳри  Душанбе; Темур Раҳимов аз намуди гӯштини ҷудо – барандаи медали нуқраи Бозиҳои 19-уми Осиё дар шаҳри Ҳангжоуи Чин, медали нуқраи «Hungary Masters-2023» дар Будапешти Венгрия, медалҳои нуқраи Гранд-слами Остона ва Гран-прии Душанбе; Миҷгона Самадова аз намуди бокс — барандаи медали биринҷии Бозиҳои 19-уми Осиё дар шаҳри Ҳангжоуи Чин, соҳиби аввалин роҳхат ба Олимпиадаи Париж-2024; Беҳрӯзи Хоҷазода  аз намуди гӯштини ҷудо – барандаи медали биринҷии Бозиҳои 19-уми Осиё дар шаҳри Ҳангжоуи Чин, медалҳои нуқраи «Hungary Masters-2023» дар Будапешт ва Гран-прии Душанбе; Хайрандеш Муродзода аз рӯйи намуди кураш – барандаи медали биринҷии Бозиҳои 19-уми Осиё дар шаҳри  Ҳангжоуи Чин, медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон дар шаҳри Ашқободи Туркманистон; Эмомалӣ Нуралӣ аз намуди гӯштини ҷудо – барандаи медали тиллои Гранд-слами Тошканд; Абубакр Шеров аз намуди гӯштини ҷудо – барандаи медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон байни ҷавонон дар шаҳри Одивеласи Португал, медали нуқраи Чемпионати Осиё байни ҷавонон дар шаҳри Тошканд ва Фариноз Абдуллоева  аз намуди бокс – барандаи медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон байни наврасон дар шаҳри Еревани Арманистон, медали биринҷии Чемпионати Осиё байни наврасон дар шаҳри Остонаи Қазоқистон ворид гардиданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE