Дар шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи IX байналмилалии савдо «Суғд-2023» доир карда мешавад

22-24 июн дар шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи IX байналмилалии савдо «Суғд-2023» доир карда мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар.

Ҳадафи ярмаркаи IX байналмилалии савдо «Суғд-2023» дастгирии савдои байналмилалӣ, баланд бардоштани неруи содиротӣ, ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо давлатҳои хориҷии дуру наздик, ҷалби сармоя, воридсозии технологияи нав, густариши ҳамкорӣ байни давлатҳои минтақа ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ мебошад.

Дар ярмака ширкату корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон маҳсулоти гуногуни худро муаррифӣ намуда, барои дарёфти бозори нав бо шарикони рушд созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд.

Интизор меравад, ки дар доираи ярмаркаи IX байналмилалии савдо «Суғд-2023» Форуми тиҷоратию сармоягузорӣ баргузор гардад.

АКС аз бойгонӣ

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE