20 июн дар Бадахшон басти аввали истироҳати тобистонаи хонандагон оғоз мешавад
Дар ҷаласае, ки дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон доир гардид, масъалаи ташкили истироҳатгоҳҳои тобистона барои кӯдакону наврасон дар давоми таътили тобистонаи соли 2023 мавриди муҳокима қарор гирифт. Дар ин хусус мухбири миинтақавии АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар вилоят 20 июни соли равон басти аввали истироҳати хонандагон оғоз мегардад, ки дар ин марҳила 100 нафар кӯдакону наврасон ба он фаро гирифта мешаванд.
Дар ҷаласа таъкид гардид, ки масъулин ба масъалаи ҳар чӣ бештар ҷалб намудани хонандагони болаёқат, иштирокдорони фаъоли озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, кўдакони дорои имконияти маҳдуд, ятимон ва аз оилаҳои камбизоат ба истироҳатгоҳҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир намоянд.
Масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо муваззаф гардидаанд, ки барои қонеъ намудани талаботи истироҳати тобистона аз ҳисоби муассисаҳои таълимии маҳал чорандешӣ намуда, аз натиҷаи он гузориши муфассалро ба унвони роҳбарияти вилоят манзур созанд.
Ҳамзамон Раёсати маориф дар якҷоягӣ бо шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят вазифадор гардиданд, ки ҳангоми сафарбар намудан ва бозпас овардани кўдакон дар асоси талаботи низомнома бехатарии онҳоро ҳангоми ҳаракат бо воситаҳои нақлиёт таъмин намоянд.
Ба роҳбарияти Раёсати тандурустӣ ва Маркази санитарию эпидемологии вилоят супориш дода шуд, ки барои тамиз намудани зарфҳо, ошхонаю ҷойи хоб, инчунин таъмин намудан бо маводи зарурии доруворӣ тадбирҳои саривақтӣ андешанд.
АКС: АМИТ «Ховар»