Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбари ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон

12 июни соли 2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин роҳбари Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Осама Маккавиро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Аснои мулоқот ҳамсӯҳбатон ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории судманди Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ-ро мавриди баррасӣ қарор дода, мавзуоти марбут ба лоиҳаҳои дар Тоҷикистон татбиқшавандаро матраҳ намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE