Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб озмуни «Суруди алла» доир гардид

Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани Рӯзи Модар ва баҳри баланд бардоштани маърифати оиладорию омодасозии ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақил дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таҳти унвони «Алла-ифшогари орзуҳои модар» озмуни «Суруди алла» доир гардид. Дар ин хусус  дар ин донишгоҳ хабар доданд.

Иштирокчиёни озмун аз иҷрои шартҳои он, ки аз либоспушонии  тифл, гаҳвора кардани кӯдак, сароидани суруди алла ва пешниҳоди як ҳунари кадбонугӣ иборат буд, ба хубӣ баромада, беҳтаринҳо ба даври вилоятӣ роҳ ёфтанд.

Озмуни «Суруди алла» бо фарогирии занону духтарони бахшҳои фарҳанг, китобхона, осорхона, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, мактабҳои санъат ва мусиқӣ, ансамблҳои оилавӣ ва ҳаваскорони шаҳру ноҳияҳои вилоят дар ду давр доир карда мешавад.

Даври аввали озмун дар шаҳру ноҳияҳо аз 1 то 28 феврал гузаронида шуд. Даври дуюми озмун 6 март дар маркази вилоят- шаҳри Бохтар баргузор карда мешавад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE