Ба 66 хонаводаи аз офати табиӣ зарардидаи Бадахшон кумаки моддии Пешвои миллат расонида шуд

 Аз ҷониби Комиссияи махсуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 66 хонаводаи аз офатҳои табиӣ зарардидаи шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кумаки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон расонида шуд. Дар ин хусус бо истинод ба Кумитаи мазкур хабар медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, кумакҳо 23 феврал дар Мактаби президентии шаҳри Хоруғ ба зарардидагон тақсим карда шуданд.

Кумаки мазкур бо дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оилаҳои аз офатҳои табиӣ зарардидаи шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дастрас гардид.

Ин кумак аз 25 номгӯй дар ҳаҷми 40 тонна, аз ҷумла либосҳои зимистона, пойафзол, маводи ғизоӣ, бухориҳои чӯянӣ, катҳои хоб бо ҳама лавозимот иборат мебошад.

Бояд гуфт, ки аз офатҳои табиии рӯзҳои охир бештар сокинони ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Роштқалъа ва шаҳри Хоруғи вилоят зарар дидаанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE