Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ бинои Қасри фарҳанги деҳоти Урметанро мавриди истифода қарор доданд
5 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Айнӣ бинои Қасри фарҳанги деҳоти Урметанро пас аз таҷдиду навсозӣ мавриди истифода қарор дода, дар барномаи фарҳангӣ иштирок намуданд.
Бинои Қасри фарҳанги деҳоти Урметан дар асоси дастуру ҳидоят ва сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи созандагиҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Айнӣ таҷдиду навсозӣ гардида, дар он барои фаъолияти аҳли ҳунар шароити муосир муҳайё карда шуд.
Иншоот дар масоҳати 1500 метри мураббаъ ҷойгир буда, корҳои бунёдӣ аз тарафи паймонкор Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷикэлитсохтмон» бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ дар муҳлати муайянгардида бо сифати баланд ба анҷом расонда шуд.
Толори асосии иншоот дорои 240 ҷойи нишаст буда, дар он барои пешниҳоди барномаҳои фарҳангӣ тамоми воситаҳои зарурӣ васлу насб карда шудааст. Ҳуҷраҳои либосивазкунӣ, пардозгарӣ, корӣ ва дигар иншооти ёрирасон низ бо шароити замонавӣ таъмин мебошанд.
Роҳрав ва деворҳои дохили иншоот бо истифода аз санъати баланди меъмории миллӣ оро ёфтаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити мавҷуда ва суҳбат бо аҳли ҳунар, аз ҷумла таъкид доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи фарҳанг таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд ва дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар ин самт нақшаву барномаҳои зиёд амалӣ гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки бинои Қасри фарҳанги деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ҳанӯз солҳои 80-уми асри гузашта сохта шуда, бо сабаби фарсуда гардидан зарурати таҷдиду навсозии он ба миён омад.
Навсозӣ гардидани иншооти фарҳангӣ дар ин деҳоти дурдасти мамлакат имкон медиҳад, ки баробари пешниҳоди барномаҳои рангини фарҳангӣ аз ҷониби аҳли ҳунар барои сокинон, ҳамзамон дар доираи маҳфилҳои гуногун мутахассисон омода карда шаванд.
Тибқи маълумот, имрӯзҳо дар назди Қасри фарҳанг маҳфилҳо, аз ҷумла доиранавозӣ, рубобнавозӣ, ҳаҷвнигорӣ ва ровиён фаъолият доранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли ҳунари деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ созҳои мусиқии миллӣ, аз ҷумла доира, таблак, рубобу танбӯр ва дутор туҳфа намуданд, ки ин иқдоми муҳим барои рушди соҳа, тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ мусоидат менамояд.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар асоси сиёсати муваффақу фарҳангдӯстонаи роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат баробари бунёду ба истифода додани биноҳои бошукӯҳи фарҳангӣ дар маркази шаҳру ноҳияҳо ҳамчунин дар деҳоти дурдаст барои аҳли ҳунар инфрасохтори муосир фароҳам оварда шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо шароити муосири мавҷуда дар бинои Қасри фарҳанги деҳоти Урметан дар барномаи фарҳангии аҳли ҳунари ноҳия иштирок намуданд.
Дар толори навбунёд аҳли фарҳанг барномаи ҷолибу рангинро, ки таҷассумгари дастовардҳои истиқлолу озодӣ, сулҳу ваҳдат ва пешрафту шукуфоии Тоҷикистон буд, пешниҳод намуданд.
Президенти мамлакат ба барномаи пурмазмуни санъаткорон баҳои баланд дода, иншоотро барои аҳолии беш аз 25-ҳазорнафараи деҳоти Урметан туҳфаи арзишманди Ҳукумати мамлакат маънидод намуданд ва аҳли ҳунарро бо истифода аз шароити муҳайёгардида ҷиҳати ҳифзи дастовардҳои фарҳангӣ, саҳм гузоштан дар тарғиб ва муаррифии ҳунари пурғановати миллати тоҷик ба ҷаҳониён ҳидоят намуданд.
Дар навбати худ аҳли ҳунар аз дастгириҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки бо таҳияи барномаҳои баландмазмун ва омода намудани кадрҳо дар соҳа дар рушду пешрафти фарҳанги миллӣ ва амалишавии нақшаву барномаҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назаррас мегузоранд.
Бояд гуфт, ки татбиқи ҳадафҳои созанда ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳо босуръат идома дошта, дар ҳамин замина бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд роҳҳои атрофи «Қасри паҳлавонони суғдӣ», беморхонаи минтақавии №2, майдони Парчами давлатӣ, Қасри фарҳанг ва коргоҳи дӯзандагӣ ва ҳунармандии деҳоти Урметани Айнӣ асфалтпӯш карда шуданд.