Дар Узбекистон интихоботи президентӣ баргузор мешавад

9 июли соли 2023 дар Узбекистон интихоботи президентӣ баргузор мешавад. Тавре дар  Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар асоси қарори Комиссияи марказии интихоботии Ҷумҳурии Узбекистон дар назди Сафорат қитъаи интихоботии № 42 ташкил карда шудааст, ки марбут ба  ҳавзаи интихоботии Тошканд № 14 оид ба интихоботи президенти Узбекистон мебошад. Китъаи интихоботӣ дар  суроғаи шаҳри Душанбе, кўчаи  Саноӣ, хонаи№30 воқеъ гардидааст.

Ба иттилои манбаъ, ба манзури таъмини ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандони Узбекистон комиссияи интихоботии ҳавзаи интихоботии рақами 42 дар шаҳрҳои Турсунзода, Бохтар, Ваҳдат, Хуҷанд ва Истаравшан раъйдиҳии пеш аз мӯҳлат баргузор кардааст. Бояд тазаккур дод, ки ҷараёни баргузории интихоботи президентиро дар Узбекистон  дар радифи  беш аз 700 нозирони байналмилалӣ 12 нозири тоҷик низ мушоҳида мекунанд.

Инчунин ҷараёни баргузории интихоботи президентиро дар ин давлат  беш аз 1200 нафар намояндагони воситаҳои ахбори оммаи давлатӣ ва мустақили маҳаллӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос менамоянд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE