ЛЧО: «Истиқлол» имрӯз бо дастаи АГМК-и Ӯзбекистон бозӣ мекунад

Имрӯз,  соати 23:50-и шаб чемпиони Тоҷикистон- дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри  Душанбе дар бозии даври   шашуми  марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё дар гурӯҳи «А» бар муқобили дастаи футболи АГМК-и Ӯзбекистон  рақобат мекунад.  Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Аз ин пеш   дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри  Душанбе дар бозии даври панҷуми  марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё дар гурӯҳи «А» дастаи футболи «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» аз АМА-ро  бо ҳисоби 1:0 мағлуб намуда буд. Рақобати ин дастаҳо тезу тунд сурат гирифта, рақиб ҷониби дарвозаи мо ҳамлаҳои хатарнок равона мекард ва дарвозабони бомаҳорати  дастаи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе   Рустам Ятимов ба ҳамаи зарбаҳои рақиб монеа мешуд. Сабқат ба нуқтаи ниҳоии худ наздик шуда, довар ба бозӣ 5 дақиқа илова намуд. Бозингарони тоҷик бо ёрии капитани даста Алишер Ҷалилов дар дақиқаи 90+6 гол ба нишон расонида, дили тамоми мухлисон ва мардуми тоҷикро шод намуданд.

Акнун баъди ин пирӯзӣ арабҳо бори дигар боварӣ ҳосил карданд, ки дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар ҳақиқат ба ин рақобат омодагии ҷиддӣ дидааст. Ҳамин тавр, дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе баъди 5 даври рақобатҳо бо касби 10 холи тиллоӣ дар зинаи аввали гурӯҳи «А» қарор дорад.

Бозии дигари гурӯҳи мазкур байни ду даста-   «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ ва АГМК-и Ӯзбекистон  бо натиҷаи 3:0 ба суди мизбони ин мусобиқа поён ёфт. Ҳамин тавр, ҳунарнамоӣ барои дастаи АГМК-и Ӯзбекистон  ва дастаи футболи «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» дар ин мусобиқаи бузург хотима ёфт.

Лигаи чемпионҳои КФО-2021

Гурӯҳи «А»

Даври 5-ум

«Шабоб Ал-Аҳлӣ» (АМА) — «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 0:1

Гол: Алишер Ҷалилов, 90+7.

Лигаи чемпионҳои Осиё-2021

Гурӯҳи «А». 4-ум давр

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – 4:1
Голҳо: Бафетимби Гомис, 24 (0:1). Манучеҳр Ҷалилов, 39 (1:1). Манучеҳр Ҷалилов, 44 (2:1). Манучеҳр Сафаров, 49 (3:1). Манучеҳр Сафаров, 52 (4:1).

Беҳтарин бозингари дидор: Манучеҳр Сафаров («Истиқлол»).
24 апрел. Риёз. Варзишгоҳи шоҳзода Файсал ибни Фаҳд.

«Шабоб Ал-Аҳли Дубай» (АМА) – АГМК (Ӯзбекистон) – 3:1

Лигаи  чемпионҳои Осиё (даври 3-юм)

«Ал-Ҳилол» -«Истиқлол» 3:1 (1:1)

Голҳо: Булайҳӣ ’39, Ҳаннонов ’41, Баҳебрӣ ’52,’64

Лигаи чемпионҳои Осиё-2021

Гурӯҳи «А». 2-юм давр

АГМК (Ӯзбекистон) – «Истиқлол»-и Тоҷикистон – 2:3
Голҳо: Йован Ҷокич, 45+1 – ба дарвозаи дастаи худ (0:1). Манучеҳр Ҷалилов, 54 (0:2). Зафар Полвонов, 57 (1:2). Муҳаммадҷон Раҳимов, 80 (1:3). Зафар Полвонов, 90+1 (2:3).

«Истиқлол» (Тоҷикистон): Рустам Ятимов, Алексей Ларин, Андрей Мишенко, Зоир Ҷурабоев, Манучеҳр Сафаров (Ваҳдат Ханонов, 46), Муҳаммадҷон Раҳимов (Аҳтам Назаров, 90+3), Нуриддин Давронов, Шаҳром Сулаймонов, Алишер Ҷалилов, Ҳусейн Доған (Рустам Соиров, 90+3), Манучеҳр Ҷалилов.

Беҳтарин бозингар: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»).

18 апрел. Риёз. Варзишгоҳи байналмилалии ба номи шоҳ Фаҳд.

«Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (АМА) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – 0:2
Лигаи чемпионҳои КФО-2021

Гурӯҳи «А». Даври 1-ум

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (АМА) – 0:0

 «Ал-Ҳилол» (А. Саудӣ) – АГМК (Ӯзбекистон) – 2:2

     Б  Ғ  М    Б    Т-Т    Х 
1 «Истиқлол» (Тоҷикистон)  5  3  1  1 9-6  10
2 «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ)    5  3  1  1  11-7  10
3 «Шабоб Ал-Аҳлӣ» (АМА)  5  1  1  3  4-5  4
4 АГМК (Ӯзбекистон)  5  1  1 3  7-9  4

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE