Мулоқоти Содиқ Имомӣ бо директори CARICC

12 июли соли 2023 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ бо директори Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо (CARICC) Атагелди Язлиев, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, мулоқот кард. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои муҳимми ҳамкории тарафайн ва дурнамои рушди онҳоро дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир, фаъолияти Марказ, аз ҷумла гузаронидани чорабиниҳои муштараки оперативӣ ва табодули иттилоот мавриди муҳокима қарор доданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE