Вохӯрии Заробиддин Қосимӣ бо имоми акбари Азҳари шариф

11 июл соли 2023 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Заробиддин Қосимӣ бо имоми акбари муассисаи Азҳари шариф шайх Аҳмад Ат-Тайиб мулоқот намуд.

Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории илмию таълимӣ ва фарҳангӣ миёни Тоҷикистон ва ин муассисаи дорои эътибори ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.

Бо ишора ба мақому мартаба ва нуфузи ҷаҳонии Азҳари шариф таваҷҷуҳи зиёд ба рушди ҳамкорӣ дар таълиму тарғиби таҳаммулпазирии динӣ ва мубориза бо ифротгароӣ зоҳир гардид.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE