«Регар ТадАЗ» бо шаш бозингар хайрухуш кард

Бошгоҳи футболи “ Регар ТадАЗ” бо шаш футболбоз шартномаи ҳамкориро худро қатъ намуд. Дар ин бора аз дастаи “ Регар ТадАЗ” иттилоъ доданд.

Бо ризоияти тарафайн қарордоди ҳамкори бо шаш футболбозон қатъ карда шуд. Абдухалил Боронов, Пайзов Расул, Сангов Шоҳрух, Эргашев Доробҷон, Ораш Акбари Шелдори ва Бобомуродов Акбар.

КФ «Регар ТадАЗ» ба ҳар шаш футболбозон барои бозиашон дар ҳайати даста самимона ташаккур гуфта, ба онҳо дар фаъолияти ояндаи футболиашон муваффақиятҳои калон орзу менамояд!

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE