Шоми имрӯз мусобиқаи қоравии Ҷоми Осиё оид ба футбол дар соли 2024 шуруъ мешавад

Шоми имрӯз мусобиқаи қоравии Ҷоми Осиё оид ба футбол дар соли 2024 шуруъ мешавад. Ин мусобиқа бо дидор миёни дастаҳои мунтахаби Қатар ва Лубнон оғоз шуда, давоми як моҳ идома меёбад. Мунтахаби Тоҷикистон, ки маротибаи нахуст дар таърихаш ба даври ниҳоии ин мусобиқа роҳхат гирифтааст, ба гуруҳи А шомил буда, бо қаҳрамони кунунӣ Қатар, Лубнон ва Чин рақобат мекунад.
Бо гузашти камтар аз якуним сол аз Ҷоми ҷаҳонии 2022 оид ба футбол, Қатар боз як мусобиқаи ҷолиби футбол – Ҷоми Осиё-2024-ро мизбонӣ мекунад. Қатариҳо ин ҳақро на дар толорҳои маҷлис ва толорҳои конгресс, балки дар майдони сабз ба даст оварданд. Онҳо ҳамчун дорандагони феълии Ҷом мусобиқаи асосии қитъаро баргузор мекунанд. Ҷоми Осиё тақрибан ҳафт даҳсола боз – аз соли 1956 баргузор мешавад. Барои мукоиса: чемпионати Аврупо чор сол «чавонтар» аст. Ин мусобиқа низ дар чор сол як маротиба баргузор мешавад. Иштирокчии аз ҳама серҷоиза дар мусобиқа тими Ҷопон аст. Ин даста чор маротиба (бори охир соли 2011) ҷоизаи асосиро гирифт. Эрон ва Арабистони Саудӣ ҳар кадом се пирӯзӣ доранд, аммо ҳама дар садаи гузашта сурат гирифтаанд. Соли 2015 австралиягиҳо бори аввал барандаи Ҷоми Осиё шуданд ва пас аз 4 сол дар Аморати Муттаҳидаи Араб ғайриинтизор Қатар ғолиб шуд. Дар бозии ҳалкунанда қатариҳо бар Ҷопониҳо бо ҳисоби 3:1 дастболо шуданд. Таркиби миқдорӣ ва дар айни замон формати мусобиқа якчанд маротиба тағйир ёфтааст. Аз қуръакашиҳои аввал доираи довталабони Ҷом мунтазам васеъ шуда, то соли 2019 ба рекорди 24 даста расид. Ҳамин шумори дастаҳо барои унвони пурқуввати минтақа дар соли 2024 дар Қатар мубориза мебаранд.
Гурӯҳи “А”: Қатар, Чин, Тоҷикистон, Лубнон.
Гурӯҳи «В»: Австралия, Узбакистон, Сурия, Ҳиндустон.
Гурӯҳи C: Эрон, АМА, Ҳонконг, Фаластин.
Гурӯҳи D: Ҷопон, Индонезия, Ироқ, Ветнам.
Гурӯҳи E: Кореяи Ҷанубӣ, Малайзия, Урдун, Баҳрайн.
Гурӯҳи F: Арабистони Саудӣ, Тайланд, Қирғизистон, Уммон.
Рӯйхати номзадҳои асосии пирӯзӣ дар Ҷоми Осиё шинос аст: инҳо тимҳои миллии Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия ва Эрон мебошанд. Дар ин кишварҳо, умуман анъанаҳои футбол нисбат ба дигар кишварҳо бойтаранд ва дастаҳо сифатан беҳтаранд. Коршиносон ба тими Ҷопон мақоми фаворити асосии чемпионатро додаанд. Ин нукта бо назардошти он, ки аз соли 2000 инҷониб ин даста се бор Ҷомро ба даст оварда, бори дигар ба финал баромад.

Раҳмонзода Мижгон,
Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE